Тақдими Ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ ба се донишманди тоҷик
Се донишманди тоҷик соҳиби Ҷоизаи ба номи Манучеҳри Фарҳангӣ шудаанд.
Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, расми тақдими ҷоизаҳо зимни баргузории Симпозиуми байналмилалии илмии “Арзишҳои таърихию фарҳангии замони Ҳаким Тирмизӣ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ” сурат пазируфт: “Фарҳод Раҳимӣ ва доктор Масъуди Миршоҳӣ Ҷоизаи байналмилалии хазинаи Манучеҳри Фарҳангиро ба се олими тоҷик – академики АИ ҶТ Кароматулло Олимов барои силсила мақолаҳо, узви вобастаи АИ ҶТ Юсуфшо Яқубов барои таърихи Кушониён ва Маҳмадраҳими Карим барои асарҳои меъморӣ тақдим намуданд”.
Ҷоизаи байналмилалии хазинаи Манучеҳри Фарҳангӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг ба шахсоне дода мешавад, ки дар рушди илми тоҷик, таҳқиқи масъалаҳои фарҳанг ва таърихи мардумони форсизабон саҳми арзанда гузоштаанд.
Симпозиуми байналмилалии илмӣ имрӯз 21 декабр бахшида ба 1250–солагии зодрӯзи донишманд ва мутафаккири бузург Абӯабдулло Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн Ҳаким Тирмизӣ дар толори Академияи илмҳо оғоз шуд. Дар он донишмандони Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Покистон, Фаронса, Эрон ва Русия иштирок намудаанд.