Бонки миллӣ барои катери “Исмоили Сомонӣ” 75 578 28 сомонӣ мехоҳад
Бонки миллии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши автомашинаҳои давлатӣ хабар додааст.
Торнамои ин ниҳод менависад, музояда 24 декабр дар бинои Бонки миллӣ баргузор мешавад. Дар он 4 мошин, монанди “Ниссан Урван”, “УАЗ 2206”, “Газел” ва ду катер – “Спитамен”-у “Исмоили Сомонӣ” ба фурӯш гузошта мешаванд. Арзиши пешниҳодии ин мошинҳо аз 10 000 00 то беш аз 75 000 00 сомонӣ гуфта шудааст.