Раҳбари Шӯрои турктаборон алайҳи Дӯстум шикоят бурданист
Муҳаммад Акбарбой, раиси Шӯрои турктаборони Афғонистон тасмим гирифта, парвандаи чанд сол қаблаш алайҳи Абдулрашид Дӯстум, муовини раисҷумҳурро бозкушоӣ кунад. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар додаанд.
Муҳаммад Акбарбой моҳи феврали соли 2008 аз ҳамлаи Дӯстум ба манзилаш дар Кобул хабар дода буд. Дар пайи ин ҳамла, ки ба гуфтаи Акбарбой дар пайи хусуматҳои шахсӣ сурат гирифт, ӯ аз “рафтори хушунатомез”-и Дӯстум шикоят кард.
Раиси Шӯрои турктаборон гуфтааст, ин қазия ҳанӯз дар додситонӣ боқист ва қасд дорад, дубора аризаашро ба додситонӣ бидиҳад: “Ӯро ба муҳокима мекашам”.
Ин дар ҳолест, ки чанде пештар Аҳмад Ишчӣ, муовини пешини Ҳизби ҷунбиши милли исломии Афғонисон иддао кард, Абдулрашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳур ӯро аз майони бузкашӣ ба хонаи худ оварда, дастури таҷовузашро додааст.