3 миллиарду 850 миллион сомонӣ қарз барои 4 бонки Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро барои ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ барои сармоякунонии бонкҳо қабул карданд.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 21 декабр зимни ироаи ин пешниҳод дар ҳузури намояндагони палатаи поёнии парлумон гуфт, ин қоғазҳои қиматнок барои чор бонки кишвар, ки ахиран бо мушкил рӯбарӯ шуданд, пешбинӣ гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, маблағи қоғазҳои қиматнок 3 миллиарду 850 миллион сомониро ташкил медиҳад ва аз ин 2 миллиарду 250 миллиони он ба “Тоҷиксодиротбонк”, 1 миллиарду 70 миллион ба “Агроинвестбонк”, 450 миллион ба “Тоҷпромбонк”-у 80 миллион ба “Фононбонк” пешбинӣ шудааст.
Вазири молия ҳадафи ба муомилот баровардани қоғазҳои қиматнокро “дастгирии давлатӣ ба бонкҳо ва фаъол намудани онҳо” унвон кард. Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия баъди қабули пешниҳоди ҳукумат гуфт, раванди дарёфти маблағҳо зина ба зина амалӣ мешавад: “Дар навбати аввал дороиҳои бонкҳо дида мешавад. Қоғазҳои қиматнок ба Бонки миллӣ дода шуда, ва он ба бонкхо пули нақд медиҳад".
Ҷаноби Каримзода мегӯяд, ин маблағҳо ба чор бонки Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол бо ду фоизи солона ҳамчун қарз пешниҳод мегардад: “Ду фоиз барои хизматрасониҳо пешнибинӣ шудааст".
Дар пайи бо мушкил рӯбарӯ шудани бонкҳо, Бонки миллӣ барои дутои он – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” маъмурияти муваққатӣ таъин намуда буд.