Муҳоҷирони тоҷик имсол аз Русия пули кам фиристодаанд
Ҳаҷми маблағҳои аз русия ба Тоҷикистон воридшуда давоми 9 моҳи соли 2016, 1 миллиарду 432 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб шудааст.
Бонки марказии Русия гуфтааст, ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 14,5 дарсад ва нисбат ба соли 2013, зиёда аз 53 дарсад камтар мебошад.
Ба иттилои манбаъ, коҳиши интиқоли маблағ аз Русия ба Узбакистон дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 14,4 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, Бонки марказии Русия гуфтааст, ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Қирғизистон 21 дарсад афзоиш ёфтааст.