Аслов қатли Карловро маҳкум намуда, онро амали ғайриинсонӣ хонд
Тоҷикистон қатли Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркияро шадидан маҳкум кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар номае, ки бо имзои Сироҷиддин Аслов унвонии ҳамтои русаш Сергей Лавров ирсол шудааст, таъкид мешавад, ки қатли Карлов амали ғайриинсонӣ буда, ба вайрон намудани тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиботи ҷаҳони мутамаддин равона гардидааст: “Дар нома гуфта мешавад, ки ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкилоти умумиинсонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм вобастагӣ дошта, дар мубориза бар зидди он Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавқеи ягона доранд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бар зидди чунин ҷолишҳо, дар муносибатҳои дуҷониба мақоми афзалиятнок доранд”.
Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Аслов дар поёни нома ба хонавода ва наздикони дипломати рус изҳори ҳамдардӣ намудааст.
Андрей Карлов шоми рӯзи душанбеи 19 декабр вақте дар намоишгоҳи аксҳои “Русия аз назари туркҳо” дар шаҳри Анкара суханронӣ мекард, бо зарби тир кушта шуд.