Бархӯрди сабукрав бо боркаш 2 куштаю 2 маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор хабар дод, ки ду кушта ва ду маҷруҳ барҷой гузошт.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 17-уми декабр мошини сабукрави “Ваз-21012”, таҳти идораи сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Ҷавонон ба автомашинаи боркаши тамғаи “Чиаи Хуае”, таҳти идораи ронандаи 30-сола, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст: “Дар натиҷа мусофирони мушини сабукрав, 2 сокини 22-солаи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, писарбачаи 17-сола ва марди 22-сола, сокинони шаҳри Душанбе дар беморхона бистарӣ гаштаанд”.
Манбаъ далели сар задани садамаи маргборро ноуҳдабароии ронандаи мошини сабукрав арзёбӣ кардааст.