Дар ҷараёни кори ҳамойиш номзад аз Словакия Урбан Русак ба ҳайси дабири кулли нави ин созмони байналмилалӣ интихоб шуд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳошияи чорабинии мазкур сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо дабири кулли тозаинтихоби ПН дидору гуфтугӯ кард.
Дипломати тоҷик аз номи ҳукумати Тоҷикистон Урбан Русакро бо таъин шудан ба мақоми дабири кулли Паймони Неру табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбиҳо таманно кард. Сипас, ҷонибҳо ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Паймони Неруро ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода, раванди онро мусбат арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, мусоҳибон роҳҳои мушаххаси пиёдасозии рушди муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд. Солиев дабири кулли навинтихобгардидаи Паймони Неру Урбан Русакро аз номи ҳукумати кишвар ба Тоҷикистон расман даъват сохт. Дар навбати худ,Русак барои табрикоти самимӣ изҳори сипос карда, даъвати расмиро пазируфт.