Намоиши асарҳои аккосони маъруфи ҷопонӣ дар Душанбе
Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз баргузории намоиши аксҳои ҷопонӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои сафорат, ин намоиш “Нигоҳе ба ҷаҳони муосир, аксҳои ҷопонӣ аз солхои 1970 то кунун” ном дошта, аз 20 то 27 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад. “Намоиши мазкур аксҳои Ҷопони муосир аз солҳои 1970 то ба имрӯзро тавассути асарҳои суратгирони маъруф, ки дар ду категория, тасвири ҷамъият ва манзара пешниҳод гардидаанд, муаррифӣ менамояд. Аксҳо тағйироти ҷомеаи Ҷопон аз замони рушди иқтисоди босуръат то кунунро дар ракурсҳои гуногун нишон медиҳанд. Дар робита ба ин мавзӯъ, асарҳои 23 суратгирони маъруфи муосири Ҷопон нишон дода мешаванд”,-хабар доданд аз Сафорати Ҷопон ба “Озодагон”.
Ба иттилои манбаъ, намоиши аксҳо дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҷопон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷистон сурат мепазирад.