Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа, дар ҷараёни мулоқот, ки баъди маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодии ду давлат баррасӣ шуданд. Президенти Литва нахустин сафири Тоҷикистон дар Литваро барои таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, изҳори боварӣ кард, ки таъиноти ҷаноби Қоимдодов ба ин вазифа барои пешрафт ва рушди ҳамкориҳоо заминаи хубе хоҳад буд.
Маврид ба ёдоварист, муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Литва соли 1992 барқарор шудаанд.