Ин пора ҳангоми бозбинии бағочи сайёҳ дарёфт карда шудааст ва аммо турист оромона ба суоли тафтишгарони фурудгоҳи шаҳри Краковои Лаҳистон гуфтааст, танҳо «барои хотира» ин симхорро шикаста гирифтааст. Аммо масъулини фурудгоҳ сайёҳи 51- солаи фаронсавиро ба дасти пулис супурдаанд. Акнун ин сайёҳ ба зиндони Освентсиум фиристода мешавад, то дар он ҷо ҳақиқати рабудани пораи симхор дайн карда шавад. Масъулини осорхонаи давлатии Лаҳистон ин амали сайёҳро маҳкум карда, онро авбошӣ номида, гуфтаанд, ҳар як ҷузъи ин осорхона қимати беандозаро доро аст.
Ёдовар мешавем, ки рабудани нигораҳои ин осорхона чанд маротибаи дигар низ сурат гирифта буд. Аз хама дуздии пурсарусадо дар соли 2009 буд, ки он замон навиштаҷоти барои зиндониёни замони ҷанг омодашудаи «Arbeit macht frei» («Меҳнат роҳи озодист») ҳисоб мешавад, ки баъдан дар соли 2010 ин ҳакокӣ дар вазъи хеле валангор бозгардонида шуда буд, ки дуздон онро пора -пора карда буданд.