Зуҳуров ба сафири Амрико: Дари мо ба рӯи кишварҳое, ки ба мо назари нек доранд, кушода аст
Раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон мавзӯи меҳварии мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе будааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфт, дар ин мулоқот, ки имрӯз, 15 декабр сурат гирифт, Зуҳуров таъкид намуд, ки то кунун 30 санад миёни Тоҷикистон ва Амрико ба имзо расида, ин кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи 600 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона расонидааст: “Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистон 50 корхонаҳои муштараки тоҷикистонию - амрикоӣ фаъолият мекунанд, ки 9-тои онҳо сирф амрикоӣ мебошанд”.
Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошта, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеша карда, “дари мо ба рӯи он кишварҳое, ки ба мо назари нек доранд, доимо кушода аст. Имрӯз шароити хуб ва муносиб барои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни кишварҳоямон фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ дорад. Мо метавонем дар соҳаи энергетика, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва меваҳои тару тозаи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо бо Амрико ҳамкориҳои судманде дошта бошем”.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Конгресси Амрико таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун дар кишвар ибрози назар намуда, изҳор доштааст, ки бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам ғанитар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд. “Элизабет Инга Миллар дар навбати худ хостори густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварашон бо парлумони Тоҷикистон шуда илова намудааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа имрӯз нақши калидӣ мебозад”,-изҳор дошт Султонов.