Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентии соли 2017 низ ширкат меҷӯяд
Ҳизби демократи Туркманистон номазадии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури феълии ин кишварро барои иштирок дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2017 пешниҳод кардааст.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон 12 феврали соли оянда дар назар аст. Шӯрои Ҳизби демократи Туркманистон қарор дар бораи пешниҳод шудани номзадии Бердимуҳаммадовро ба Кумитаи марказии интихобот фиристодааст. Бино ба иттилои расонаҳои туркманӣ, ин кумита 24 октябри соли ҷорӣ корзори интихоботиро эълон карда буд. Ба иттилои манбаъ, Ҳизбҳои саноатчиён ва соҳибкорон 15 декабр ва Ҳизби аграрӣ 17 декабр номзадҳои худро эълом мекунанд. Қонуни асосии нави Туркманистон, ки 14 декабри соли ҷорӣ қабул шуд, муҳлати президентиро аз 5 ба 7 сол расонд.