Баҳс дар парлумон: Солгарди шаҳру навоҳӣ таҷлил нашавад
Зикриё Акрамӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 15-уми декабр дар парлумон пешниҳод кард, ки минбаъд солгарди таърихи шаҳру навоҳӣ таҷлил нашавад.
Акрамӣ дар посух ба суоли вакил Абдуҳалим Ғаффоров, ки омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм дар чӣ ҳоланд, изҳор дошт, ки беҳтар аст аз таҷлили солгарди таърихи шаҳру навоҳии кишвар худдорӣ намоем. Ӯ шарҳ дод, ки таҷрибаи таҷлили 3000-солагии Ҳисор ва дигар маҳаллу навоҳӣ боиси нофаҳмиҳо миёни мардум шудаанд.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар шарҳи бештари ин мавзуъ ба “Озодагон” гуфт, таҷлили солгарди маҳалҳо ҳатто миёни зиёиён нофаҳмиҳо ба вуҷуд овардааст: “Имрӯзҳо ҳатто овоза шудааст, ки таҷлили 5-ҳазорсолагии Данғара дар назар аст. Беҳтар аст, ки аз ин гуна ҷашнҳо худдорӣ кунем”.
Ин пешниҳод дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон ба таври густурда 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3 ҳазорсолагии Ҳисор ва шаҳру навоҳии дигар ҷашн гирифта шуд.