Иштироки ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии “Пайёмбари меҳрубонӣ”-и Эрон
Гуруҳи мусиқии “Само” аз Тоҷикистон ба дуввумин ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Пайёмбари меҳрубонӣ” даъват шудааст. Ин ҷашнвора 12 декабр дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон шурӯъ гардид ва имрӯз, 15 декабар ба поён мерасад.
Шавқмамад Пӯлодов, овозхони гуруҳи “Само” дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, онҳо ба даъвати Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба ин ҷашнвора омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷашнвора онҳо ашъори Мавлоноро бо мусиқии суннатӣ иҷро мекунанд.
Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар дуввумин ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Пайёмбари меҳрубонӣ” гуруҳҳои мусиқӣ аз Афғонистон, Узбакистон, Покистон, Тунис ва Фаронса ҳам иштирок доранд.
Гуруҳи мусиқии “Само” соли 2006 таъсис ёфта, бо хондани ашъори шоирони клоссик,монанди Мавлоно, Ҳофиз, Аттор ва инчунин сурудҳои фолкролӣ маъруф аст. Ин гуруҳ бо иҷрои бидуни фонограмма ва навохтани созҳои мусиқии танбур, ғиҷҷак, най, рубоб ва монанди инҳо аз гуруҳҳои дигар фарқ мекунад.