Дар мактабҳои Туркманистон ба ҷойи “Рухнома”-и Ниёзов китоби Бердимуҳаммадов таълим дода мешавад
Вазорати маорифи Туркманистон дастур додааст, дар мактабҳои ин кишвар гуфтовардҳо ва бахшҳое аз китоби “Сарчашмаи хирад”-и раисҷумҳур - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истифода шаванд.
Бино ба иттилои расонаҳои туркманӣ “Сарчашмаи хирад” вориди барномаи таълим шудааст. Барои мисол барои омӯхтани романи ӯ “Номи хуби фаннонашаванда” дар барномаи дарсии адабиёт барои синфи 7 чор соат ҷудо шудааст. Дар даврони Сафармурод Ниёзов, раисҷумҳури пешини Туркманистон китоби “Рухнома”-и ӯро ҳамчун фанни алоҳида дарс медоданд.
Раисҷумҳури Туркманистон аз оғози соли ҷорӣ 6 китоб таълиф кард. Китоби охирини ӯ “Мусиқии сулҳ, дӯстӣ ва бародарӣ” аст, ки дар аввали моҳи сентябр навишта шуд. “Чой-дору ва илҳом”, “Суръати тези асп” ва “Шукуҳи осмонӣ” аз китобҳои дигари раисҷумҳури Туркманистонанд.