Баҳси басташавии “Нигоҳ”-у “TojNews” дар Вена: Мушкили молӣ ё хости прокуратура?
Саида Искандарова, намояндаи Тоҷикистон дар САҲА гуфт, фаъолияти ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews” ба далели молӣ қатъ шудааст.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 14-уми декабр зимни 18-умин Конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ бо номи "Чолишҳои гуногуни озодии расонаҳо дар Осиёи Марказӣ", ки дар Вена ҷараён дорад, изҳор дошт.
Саида Искандарова ин далели худро дар посух ба интиқодҳои Даниел Кислов, мудири хабаргузории "Фергена.ру" ироа кард. Кислов зимни арзёбии мушкилоти расонаҳои минтақа ҳамчунин аз қатъи фаъолияти ин ду расонаи Тоҷикистон ёдрас шуд ва гуфт, ки дастандаркорони ин расонаҳо омили аслии қатъ кардани фаъолияти худро “мавҷуд набудани шароити лозим барои фаъолияти расонаҳо ва журналистика" номиданд.
Дар ин робита Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил зимни конфронс гуфт, Прократураи генералӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои бастани ин ду расона аризаи даъвогӣ ирсол карда буд.
Ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews” моҳи ноябри соли равон фаъолияташонро қатъ карданд.
Ҳайати эҷодии оҷонсии итилоотии TojNews дар паёми хайрбодияш гуфт, “ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид. Сабабаш ҳам маълум: дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд намебошад. Умедворем ин вазъ абадӣ нахоҳад монд”.
Ҳайати эҷодии хабаргузорӣ эълон карда буд, ки тибқи қарори созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз ин ба баъд бойгонии Ожонси иттилоотии TojNews моли миллат маҳсуб шуда, истифодаи маводи ҳамаи бахшҳои он, минҷумла тарҳҳои хоса бидуни риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ муҷоз аст.
"TojNews" моҳи сентябри соли 2009 ба фаъолият оғоз карда, 14-уми ноябри соли 2016 аз қатъи фаъолият хабар дод.