Дастури Дӯстум барои таҷовузи мухолифи сиёсӣ ва вокуниши ҳукумат
Ҳукумати Афғонистон бо пахши иттилоия гуфтааст қазияи латукӯби Аҳмад Ишчӣ, аз мухолифони сиёсии Абдулрашид Дӯстум, бо ҷиддият пайгирӣ шудааст ва дар ин маврид таҳқиқоти ҳамаҷониба рӯи даст аст.
Абдулрашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, чанде қабл Аҳмад Ишчиро дар ҷараёни мусобиқаи бузкашӣ дар вилояти Ҷузҷон латукӯб кард.
Ниҳодҳои дипломатии байналмилалӣ дар Афғонистон ба шумули сафорати Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Дафтари муовинати СММ аз тасмими ҳукумати ин кишвар истиқбол ва хостори рӯшан шудани таҳқиқот ин қазия ҳастанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дафтари Абдулрашид Дӯстум 13 декабр бо пахши як иттилоия ин мавзӯъро кори баъзе аз ҳалқаҳои номаълум дониста гуфтааст, ки ниҳодҳои байналмилалӣ бояд дар вокунишҳои худ аз аҷала ва пешдоварӣ кор нагиранд.
Аммо, Аҳмад Ишчӣ, муовини пешини Ҳизби ҷунбиши милли исломии Афғонисон дар суҳбат бо БӣБӣСӣ-и форсӣ гуфтааст муовини аввали раисҷумҳур дастур додааст, ки ӯро таҷовуз кунанд. Ишчӣ гуфтааст Дӯстум дар майдони бузкашӣ ҳузур дошт ва вақте муҳофизонаш ӯро ба назди Дӯстум бурданд бо ӯ даст дода хостааст рӯи ӯро бибӯсад. Ишчӣ гуфтааст Дӯстум дар замони рӯбӯсӣ ба ӯ дашном дода ва гуфтааст: “Аз кори ту ва фарзандат хабар дорам. Ҳоло агар туро бикашам ва зери пойи аспон биандозам, чӣ касе аҳволи туро мегирад?”
Аҳмад Ишчӣ гуфтааст баъдан муҳофизон ӯро бар замин задаанд ва Дӯстум бар гулӯяш лагад задааст: “Баъд аз ин Дӯстум маро ба хонааш бурд. Вақте ки вориди хонаи ӯ шудем муҳофизонашро садо кард, ки маро аз мошин пойин биоваранд. Вақте Дӯстум дид, ки ман либоси бузкашӣ ба тан дорам ба муҳофизонаш дастур дод, ки либосҳоямро бикашанд. Ҳатто танбонамро низ кашиданд”.
Ин мухолифи Дӯстум гуфтааст баъдан Дӯстум ба муҳофизонаш дастур додааст, ки ба ӯ таҷовуз кунанд ва филм бигиранд. Ӯ иддао кардааст, ки муҳофизон вонамуд мекарданд, ки ӯро таҷовуз мекунанд ва филм гирифтаанд. Ишчӣ гуфтааст, баъдан 5 рӯз бе либос дар хонаи Дӯстум нигаҳдорӣ шудааст.