40 дирами мусофир + 40 дирам...=94 миллион сомонӣ дар 11 моҳ
Нақлиёти мусофирбар дар Душанбе тайи 11 моҳи соли равон ба 235,9 миллион мусофир хидмат расондааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1 фоиз зиёд мебошад.
Ин нукта дар ҳисоботи солонаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зикр шудааст, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор дорад.
Убайдуллоев мегӯяд, тибқи шартнома ба воситаи 4 корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 21 ҷамъияти хусусӣ дар 93 хатсайр ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 197 автобус, 60 троллейбус, 50 микроавтобус ва беш аз 2200 воситаи нақлиёти мусофирбари бахши хусусӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Раиси Душанбе таъкид кардааст, ки масъалаҳои ҳалталаб дар ин соҳа пеш аз ҳама сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ба хусус риояи одобу фарҳанги ҳамида, кам кардани анбӯҳи воситаҳои нақлиёт дар хатҳои сайр, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мебошанд. Ӯ ба мусофирон маслиҳат додааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ аз хилофкории ронандаҳо тариқи рақамҳое, ки дар мусофирбарҳо насб шудаанд, ба мақомот занг зананд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон надодани 40 дирам бақияпулии мусофирон дар Душанбе тайи солҳои охир маъмулӣ шудааст ва ронандаҳо ба ҷои 1,6 сомонии қонунӣ 2 сомонӣ ва баъзан аз он ҳам бештар роҳкиро мегиранд. Ба гуфтаи коршиносон агар ҳар яке аз 235,9 миллион мусофир, ки давоми 11 моҳ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кардааст, 40 дирами барзиёд дода бошад, дар маҷмуъ роҳкирои барзиёде, ки ронандаҳо тайи ин муддат гирифтаанд, ба 94 миллиону 400 ҳазор сомонӣ баробар мешавад.