Мулоқоти Э.Раҳмон бо сарвазир ва раиси парлумони Шри-Ланка
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 14-уми декабр бо Ранил Викремесингҳ, сарвазири Шри-Ланка ва Кару Ҷаясурия, раиси парлумони ин кишвар мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқотҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Шри-Ланка ва густаришу тавсеаи минбаъдаи онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд: “Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноати нассоҷӣ, коркарди захираҳои табиӣ, саноати туризм ва инфрасохтори он, инчунин илму фарҳанг табодули афкор намуданд".
Дар мулоқот бо нахуствазири Шри-Лакнка масъалаи таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Шри-Ланка оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои тоҷирону соҳибкорони ду давлат баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо Ранил Викремесингҳ масъалаи таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Шри-Ланкаро ба миён гузоштааст: “Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳалли фарогири қазияи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тулонии муштарак дорад, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар стратегияи амниятии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро касб менамояд, мавриди муҳокима қарор дода шуд”.