Бояд ҳар рӯз рӯзи Муҳаммад (с) бошад!
Ҳамд ва ситоиши беандоза Худоеро, ки ба ҷаҳониён дар айни зулмату торикӣ, фасоду гумроҳӣ, ваҳшонияту раҳгумӣ беҳтарин фарзанди одам, ростқавлу амонатдор, хушахлоқу боифат ва зебою хоксор -- Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ)-ро фиристод ва ба ҷаҳон ҷони дубора бахшид.
Беҳтарин тарбиятдиҳанда ва муаллими башарият замоне шабеҳи як офтоб тулӯъ кард, ки ҷаҳон дар ботлоқи бадахлоқию ваҳшоният фурӯ рафта буд. Инсоният мақом ва мартабаи худ ҳамчун як мавҷуди олии офаридагорро натанҳо дар ҷаҳони араб, балки дар Форсу Рум ҳам аз даст дода, тадриҷан ба ҳайвон табдил ёфта буд.
Муҳаммад (с) бо ҳидоят ва роҳнамоии Парвардгори хеш тавонист бо ин ваҳшоният ва залолату гумроҳӣ мубориза барад, мақоми аз даст рафтаи инсонро дубора барқарор созад ва ба шиносномаи инсон барои ҳамеша муҳре аз одобу ахлоқ ва шинохте аз худои воҳидро бизанад. Ӯ муваффақтарин фарди сайёра, бузургтарин муслиҳи олам ва беназиртарин пайёмбар аз пайёмбарони Илоҳист. Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ) охирин расуле аз ҷониби Аллоҳи яктост, ки сираташ бо иттифоқи уламо ва донишмандони ҷаҳон бузургтарин мактаб аст.
Ҳамасола бо омодани рӯзи милоди ин офтоби тобони рисолат дар саросари ҷаҳон аз Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ ) ёдоварӣ мешавад ва бештари пайравони Ӯ ба шаклҳои гуногун аз ӯ васф мекунанд. Маҳфилу маҷолис меороянд. Аммо мутаассифона, ин ҳама уммат баъзан дар баробари таҳқиру тавҳин, ки гоҳе дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, ҳатто дар аксар кишварҳои мусалмоннишин аз рӯи кинаву ҳасад, нотавонбинию бефаросатӣ, душманию кина рух медиҳад, муҳри хомӯши бар лаб мезананд.
Муҳаммад (с) пайёмбарест, ки ниёз ба васфу тамҷиди ҳеч башаре надорад, зеро бузургтарин вассофи Ӯ Худои якто ва бениёз аст. Аллоҳи меҳрубон пуштибонӣ ва иззату шарафи Муҳаммад (с)-ро дар Қуръони карим эълон дошт ва бар тамоми башарият ҳушдор дод, ҳеч чизе то охири ин ҷаҳони ҳастӣ наметавонад чизеро аз ҷойгоҳи Муҳаммад (с) кам кунад ва мактаби Ӯ ҷовидона аст.
Барои мо, умматон ҳаррӯз бояд рӯзи Муҳаммад (с) бошад. Агар мехоҳем Ӯ ва Худояш аз мо розӣ бошад, бояд бо сират ва мактаби Ӯ зиндагӣ кунем. Аз тамоми гуфтаҳои ин муаллими башарият ҳамчун қонун ва фармон итоат намоем. Бояд бо амал, рафтор ва гуфтору кирдори худ нишон бидиҳем, ки пайравони воқеии Ӯ ҳастем.
Зиндагонии Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ) саршор аз одоб ва ахлоқи волои инсонӣ аст, ки ҳамааш ба хайр ва баракат аст. Ҳеч нуқтаи зиндагӣ ва гуфтаҳои Ӯ бар зарари инсон ё ҷомеа нест.
Таълимоти Ӯ, ки аз батни модар то дохили қабр ҳамачиро фаро гирифтааст, барои ҳар инсоне, ки ба сирати Ӯ чанг мезанад ва онро ҷиддӣ пайравӣ мекунад, шоҳроҳи саодат дар дунё ва охират аст. Натанҳо ҷомеаи мусалмоннишин, балки ҳар ҷомеае мехоҳад, ки насли хушахлоқу донишманд ва баномусу боғайрат дошта бошад, бояд насли худро шурӯъ аз боғча, то донишгоҳ зери таълимот ва сирати Муҳаммад (с) омӯзиш диҳад. Чунин миллат ва давлат ба яқин саодат ва хушбахтиро дар дунё ва охират ба даст меоварад.
Ҳақ ба ҷониби Хоҷа Ҳофиз аст, ки мегӯяд:
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро рафиқу мунис шуд.
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.
Далер ШАРИФОВ