Оғози намоиши Юлдуз ва дигар ситораҳои “мамнуъ” дар телевизиони Узбакистон
Шабакаҳои телевизионии Узбакистон пахши сурудҳои Юлдуз Усмонова, овозхони мардумии ин кишварро оғоз кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо дар баробари Усмонова телевизионҳои Узбакистон ба пахши клипу сурудҳои Шералӣ Ҷураев, Севара Назархон, Фаррух Зокиров, гуруҳи “Ялла” оғоз кардаанд, ки дар аҳди Ислом Каримов гӯиё дар рӯйхати сиёҳ будаанд ва намоишашон тариқи телевизионҳо мамнуъ буд.
Усмонова 7-уми декабр зимни таҷлили 24-умин солгарди қабули Сарқонуни Узбакистон дар ҳузури раисиҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар Шавкат Мирзиёев овозхонӣ карда, сазовори таҳсин шудааст. Усмонова инчунин дар инстаграм ҳаводоронашро ба консерти «Хиты сезона» даъват намудааст, ки 15-уми декабр бо иштироки ӯ дар Қасри фарҳанги "Истиқлол" дар Тошканд баргузор мешавад.