2016-соли ҳабси рекордии рӯзноманигорон
Шумори рӯзноманигороне, ки дар саросари дунё зиндонӣ шуданд, дар соли ҷорӣ ба сатҳи рекордӣ расидааст. Ин нукта дар пажӯҳиши нави Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон зикр шудааст. Тавре дар сомонаи созмон омадааст, Туркия дар ҳабси рӯзномангорон мақоми аввалро соҳиб аст.
Бино бар вазъ то 1 декабри соил 2016 шумори рӯзноманигорони зиндонӣ дар саросари дунё ба 259 нафар расидааст. Дар Туркия ҳадди ақал 81 рӯзноманигор зиндонист, ки ин адад болотарин нишондод унвон мешавад. Ҳамаи рӯзноманигорони турк ба фаъолиятҳои зиддидавлатӣ айбдор мешаванд.
Чин, ки аз рӯи шумори рӯзноманигорони зиндонӣ дар солҳои 2014 ва 2015 мақоми аввалро соҳиб буд, акнун дар ҷои дувум қарор дорад. Дар ин кишвар 38 рӯзноманигор дар зиндон аст. Мисру Эритреяву Эфиопия мақомҳои севум, чаҳорум ва панҷумро ишғол кардаанд. Аз се ду ҳиссаи рӯзноманигорони зиндонии дунё дар маҳбасҳои ин мамолик ба сар мебаранд.
"Рӯзноманигорон ба ҷамъоварӣ ва паҳн кардани иттилоъ машғуланд, ки бо ин роҳ хидмати ҷомеаро адо мекунанд ва ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигоронро қонунҳои байналхалқӣ кафолат додааст. Аз ҳамин хотир мо ҳаяҷонзадаем, ки ин қадар ҳукуматҳои зиёд уҳдадориҳои байналхалқиашонро поймол карда, рӯзноманигоронро зиндонӣ мекунанд ва садди роҳи танқид мешаванд", - омадааст дар сомона.
Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон созмони иҷтимоист, ки аз озодии баён дар саросари дунё ҳимоят мекунад.
Ахиран Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ бо пахши як изҳороти муштарак аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон даъват кардаанд, уҳдадориҳои худро дар ростои ҳуқуқи инсон ва озодии баён иҷро кунанд.
Ин ду ниҳоди марбут ба расонаҳои Тоҷикистон дар идома гуфтаанд, ки дар як сол 4 расона - “Вечерний Душанбе, “Дам”, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд ва чанд нашрияи дигар дар вазъияти мушобеҳ қарор дорад: “Беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Чунин вазъият нишондиҳандаи набуди шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди плюралистӣ буда, нигаронии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳоро ба бор овардааст. Мушкили расонаҳо ин аст, ки баъзан манофеи хусусӣ, гуруҳӣ ва идорӣ бар манофеъи умум ҳоким мешаванд. Мо боварии комил дорем, ки расонаҳои чандгунаӣ барои фароҳам овардани минбар ба тамоми қишри ҷомеа ва ба густариш додани плюрализм мусоидат мекунанд”.
Дар изҳорот ҳамчунин таъкид шудааст: “Моддаи 30-юми Қонуни асосӣ озодии баён, матбуот ва ҳаққи истифода бурдани расонаҳоро барои ҳар кас кафолат медиҳад. Озодии баён барои он муҳим аст, ки ин озодӣ барои амалӣ шудани ҳуқуқи дигари конститутсионии шахс зарур аст”.
Ба ин тартиб дар поёни изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудааст, уҳдадориҳои худро дар таъмини ҳуқуқи инсон дар доираи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва меъёрҳои конститутсионӣ иҷро кунанд.