Мактаби наву замонавӣ, аммо бе барқ... (ВИДЕО)
Омӯзгорон ва хонандаҳои як мактаби наву замонавӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз надоштани барқ шикоят мекунанд.
Мактаби таҳсилоти миёнаи №34-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар масоҳати 2 гектару 40 сотих бо маблағи 20 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Сайидмусаввир Абдулҳақов, мудири мактаб дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин муассисаи таълимӣ соли хониши ҷорӣ бо иштироки Президент ба истифода дода шуд: “Ин мактаб мушкили се деҳаро ҳал кард. Хонандаҳо то ин вақт фарсахҳо роҳро тай намуда, барои дарсхонӣ ба мактабҳои ҳамсоядеҳаҳо мерафтанд”.
Ба гуфтаи Абдулҳақов, ин мактаб дорои 22 синфхонаи дарсӣ буда, дар онҳо 624 хонанда таҳсил мекунанд: “Мактаб 72 компютер, 22 камераҳои назоратӣ, 10 доскаи электронӣ дошта, дар миқёси Кӯлоб ягона муассисаи миёнаи таълимиест, ки китобхонаи электронӣ дорад. Аммо барқ нест, то аз ин ҳама истифода шавад. Ду маротиба ба Ҳукумати шаҳр ва Шабакаҳои барқи шаҳр барои кашонидани хатти озоди барқ мактуб ирсол намудем, аммо ҳанӯз посухе нагирифтаем. Дар ҳоле ки барои кашидани барқ трансформатор ва 34 симчуб дорем”.
Мудири мактаби №34 мегӯяд, бо далели лимити барқ тамоми имкониятҳои мактаби замонавиро истифода бурда наметавонанд.
Шукронаи Саттор, хонандаи синфи 9-и ин мактаб ҳам гуфт, бо далели набудани барқ наметавонанд аз синфхонаҳои компютерӣ ва лавозимоти дигари барқӣ баҳра бигиранд: “Ман ғолиби озмуни шаҳрӣ аз фанни таърих ҳастам ва ба озмуни вилоятӣ роҳхат дорам. Вақте мо ба дарс меоем, аллакай барқ хомӯш мешавад, аз ин сабаб имкони истифодаи компютерҳо нест. Мо бисёр ҳаваси омӯзиши технологияи навро дорем, аммо барқ нест”.
Дилшод Назаров, хонандаи синфи 10 ва раиси созмонҳои талабагии мактаб таъкид намуд, аз он ки Ҳукумати Тоҷикистон барои хонандаҳо чунин мактаби муосире сохт, хеле хурсанду миннатдоранд, аммо аз он ки ин муассиса хатти озоди барқ надорад, онҳоро нигарон кардааст.
Шарифхон Гулмадов, сарошпази ошхонаи мактаб мегӯяд, бо далели набудани барқ то ду шабонарӯз ҳатто наметавонад нонҳоро бипазад: “Баъзан хамир соатҳо аз набуди барқ нопухта мемонад ва маҷбурем, ки шабона баъди он ки барқ дода мешавад, дар мактаб истода онҳоро пазем. Дар сардиҳои ҳафтаи пеш нонҳоро дар танури хонаҳои мардум бурда пухтем. Мо зиёд мехоҳем, то ин мушкил зудтар бартараф шавад. Мо наметавонем ҳамеша баъди омадани барқ шабона дар мактаб монем, дар ҳоле ки се моҳ боз маош нагирифтаем”.