Эмомалӣ Раҳмон ба Шри-Ланка рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12 декабр барои анҷоми сафари давлатӣ озими Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри-Ланка шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Азамшо Шарифӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Фаррух Ҳамрализода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумрук ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Манбаъ афзуд, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, Раҳмон Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.