Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони қурбониёни таркиши Истанбул
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи таркиши фоҷеабори шаби 10 декабри шаҳри Истанбул ба ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон барқияи таслият ирсол кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Эрдуғон аз ҷумла гуфта шудааст: “Мо ин амали интиҳории ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро ба ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем”.
Президенти Тоҷикистон дар поёни ин нома ба наздикони қурбониён изҳори амиқи ҳамдардӣ намуда, ба осебдидаҳо шифои комили орзу намудааст.
Бино ба иттилои мақомоти Туркия дар пайи ҳамлаи интиҳории шаби 10 декабр, ки баъди бозии футбол дар назди варзишгоҳи “Водафон Арена”-и Истанбул рух дод, 29 нафар кушта ва 166 тани дигар захм бардоштаанд. Сулейман Сойлу, вазири умури дохилии Туркия гуфт, таркиш баъди ду соати анҷоми бозии “Бешикташ” ва “Бурсаспор” рух додааст.