“Барқи тоҷик”: Оид ба риоя нашудани таъминоти барқ хабар диҳед
“Барқи тоҷик” реҷабандии маҳдудияти барқ ба навоҳии кишварро се соат камтар кардааст.
Дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ин иқдом аз имрӯз, 10 декабр дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар зимни маросими баҳрабардорӣ аз навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” роҳандозӣ мешавад: “Пешвои миллат дастур доданд, ки таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори се соат зиёд карда шавад”.
Ба иттилои манбаъ, “Барқи Тоҷик” бо истифода аз шароиту имконияти истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ интиқоли барқро зиёд кард: “Акнун минтақаҳо пагоҳӣ аз соати 05:00 то 10:00 ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то 22:00 барқ мегиранд”.
Дар зимн, “Барқи тоҷик” аз муштариён даъват кардааст, ки барқро сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи онро сари вақт пардохт намоянд ва оид ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо бо шумораҳои 235-86-74; 235 86 84 ва 610-60-50 ба ин ниҳод хабар бидиҳанд.