Раъйи парлумони Корея барои "импичмент"-и Президент
Парлумони Кореяи ҷанубӣ дар ҷаласаи имрӯз, 9 декабр ба тарҳи адами эътимод ба раисҷумҳури раъйи мусбат дод.
Аз 300 намояндаи парлумони ин кишвар 234 вакил хостори «импичмент» ё худ барканории раисиҷумҳур Пак Кин Хе шуда, 56 тани дигар барои барканории ӯ раъйи мухолиф додаанд. Барои барканории раисиҷумҳур камтар аз 200 раъй лозим аст.
Раисҷумҳурии 64-солаи Корея дар ҳамкорӣ бо Чхве Сун Сил, аз дӯстони наздики Пак Кин Хе ба далели фишор овардан ба ширкатҳо барои пул додан ба ду бунёди мутаалиқ ба ӯ аз сӯи додситонӣ гумонбар дониста шудааст.
Чхве Сун Сил инчунин бо истифода аз наздикии худ ба раисиҷумҳури Корея дар таъйин кардани мушовирони ӯ даст доштааст. Дар сурати тасвиб шудани барканории раисҷумҳур додгоҳи конститутсионии Корея ҳақ дорад, ки дар тӯли 180 рӯз барканории ӯро таъйид кунад.
Дар ин муддат идораи кишвар дар дасти нахуствазир хоҳад буд. Расонаҳо навиштаанд, ки имрӯз 2 ҳазор нафар дар назди бинои парлумон ҷамъ омада хостори барканории раисҷумҳури Корея шуданд. Хабаргузории “Рейтерз” навиштааст 6 ҳафта аст, ки ҳар рӯзи шанбе мардум барои барканории Пак Кин Хе шиор медоданд. Бинои парлумон имрӯз бо дархости раиси он барои мардум пӯшида шудааст.