Қарори Убайдуллоев барои расидагии беҳтари раисон ба арзи сокинон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои расидагии беҳтар ба арзу шикоятҳои шаҳрвандон қарори махсус имзо кардааст.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бар асоси қарори нави Убайдуллоев раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф шудаанд, шабакаҳои интернетии марбутаи ноҳияҳоро фаъол намуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Убайдуллоев таъкид кардааст, баррасии дархосту пешниҳодҳо ва аризаю муроҷиатҳои хаттию электронии шаҳрвандон, ки тариқи www.dushanbe.tj, почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, сомонаҳои иртиботии иҷтимоӣ бо Раиси шаҳри Душанбе «Твиттер», «Фейсбук», «Мо метавонем», «Бе миёнаравҳо» ва бо телефонҳои боварӣ ворид мешаванд, ҳамарӯза роҳандозӣ гардад: “Шароит фароҳам оварда шавад, ки шаҳрвандон дар бораи мушкилоташон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе саривақт хабар диҳанд. Китоби бақайдгирии муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон тариқи алоқаи телефонӣ (мобилӣ) дар шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ташкил ва баррасии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад”.
Тибқи тартиби нави тасдиқшуда қабули шаҳрвандон бевосита аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар рӯзи шанбе аз соати 9 то 12 ва аз ҷониби муовинонаш аз рӯзи душнбе то ҷумъа сотҳои 17:00-19:00 сурат мегирад.