Аслов: Иштироки ҷинояткорон дар ҷаласаҳои САҲА маҳкум шавад
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Ҳамбурги Олмон пешниҳод кард, ки иштироки ашхоси ҷиноятпеша дар ҷаласаҳои САҲА маҳкум шавад.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилооъ доданд, ин пешниҳоди Аслов дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 8-уми декабр дар ҳошияи Иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, садо дод.
Вазирони хориҷии СААД зери унвони “Роҷеъ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти САҲА дар сохтори амнияти умумиаврупоӣ” изҳорот қабул кардаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, “ба санади мазкур бо пешниҳоди Тоҷикистон банди вежа роҷеъ ба маҳкум кардани иштироки ашхос ва гуруҳҳои ҷинояткор дар ҳамоишҳои САҲА ворид карда шуд. Дар изҳороти муштарак инчунин зарурати банақшагирии фаъолияти дафтарҳои саҳроии САҲА танҳо бо дарназардошти талабот, дархост ва авлавиятҳои кишварҳои мизбон инъикос карда шуд”.
Ин пешниҳод дар ҳолест, ки ахиран иштироки аъзои гуруҳи мамнуъ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷаласаи солонаи САҲА норозигии Тоҷикистонро ба вуҷуд овард. Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи САҲА, ки Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик низ шомили он буд, 23 сентябр бо нишони эътироз аз ҳузури намояндагони ҳизбу гуруҳҳои мамнӯъ дар ин ҳамоиш, ҷаласаро тарк кард.