Хатарҳои эҳтимолии соли 2017 кадомҳоянд?
Ширкати “Блумберг” бо нашри натоиҷи як назарсанҷӣ интихоботҳо дар Аврупо, сиёсати хориҷии Доналд Трамп ва ҷангҳои сойберии ҷаҳонро хатарҳо барои субот дар соли 2017 унвон кардааст.
Ин назарсанҷӣ миёни 146 таҳлилгар, иқтисоддон ва стратег гузаронида шудааст. Бештари назардиҳандаҳо интихоботҳои раёсатҷумҳурӣ ва парлумонии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла интихоботи парлумонии Олмон ва раёсатҷумҳурии Фаронсаро аз таҳдидҳои сатҳи аввал донистаанд. Интихоб шудани Доналд Трамп ба ҳайсаи раисҷумҳури Амрико дуввумин хатари соли оянда гуфта шудааст.
Як қисми пурсидашудаҳо сиёсати хориҷии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ҳам хатари эҳтимолӣ дар соли 2017 хондаанд. Ҳудуди 40 дарсад хориҷ шудани Бритониёро аз Иттиҳодияи Аврупо, 20 дарсад ҷангҳои сойберӣ ва 15 дарсад тағйири қудрат дар Чинро вориди хатарҳои соли 2017 кардаанд.