Ҷоми AFC: Эҳтимол “Ҳосилот” рақиби “Истиқлол” шавад
Рақибони тими “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи мусобиқоти Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 маълум шуданд.
Бозии нахустинро қаҳрамони Тоҷикистон дар майдони худ бо ғолиби бозиҳои плей-офф анҷом медиҳад. Яъне, агар “Ҳосилот”-и Фархор ба марҳилаи гуруҳии мусобиқа роҳхат бигирад, рақиби “Истиқлол” мешавад.
Марҳилаи гуруҳии ин мусобиқа 21 феврали соли 2017 шурӯъ мегардад.
“Ҳосилот” рақобатро аз даври муқаддамотии Ҷоми AFC-2017 оғоз карда, бо “Шоҳин Осмоӣ”-и Афғонистон қувва меозмояд. Дидори аввал 31 январ дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ 7 феврал дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Дар сурати пирӯзӣ “Ҳосилот” дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти “Дордой”-и Қирғизистону “Балкан”-и Туркманистон рақобат хоҳад кард.