АКС: Умеди Э.Раҳмон ба кӯмаки шарикони рушд дар буҳрон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 7-уми декабр Лилия Бурунчук, директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва Йоҳаннес Линн, директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсонро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишварҳои олам ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мо саҳми институтҳои молиявиро дар самти рушди иқтисоди миллӣ назаррас арзёбӣ менамоем ва истифодаи таҷрибаи онҳоро барои пешрафти иқтисодӣ судовар медонем: “Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ шарикони рушд ва дӯстони мардуми Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ нақши муасир мегузоранд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси тадбирҳои зиддибуҳронии ҳукумат, ки тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъда, таъмин намудани афзалиятҳои миллию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва татбиқи ҳадафмандонаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро дар бар мегирад, табодули афкор намуданд.