Зиндагӣ дар Помир: Мушкил, вале озоду ором (23 акс)
«The Sun»-расонаи маъруфи бритониёӣ аз Помири Афғонистон гузориши аксӣ таҳия намуда, таъкид намудааст, ки Толибон ҳеч гоҳ натавонистаанд дар ин минтақа ҳукмфармо бошанду тартиботи золимонаи худро ҷорӣ кунанд. Нашрия бо тавсиф аз субот, табиати зебо ва шеваи нодири зиндагии помириҳои Афғонистон изҳор доштааст, ки онҳоро аз Помири Тоҷикистон ҳамагӣ як рӯд-Панҷ ҷудо мекунад. Роҳ аз тариқи Тоҷикистон ва пулҳои болои дарёи Панҷ бехавфтарин барои расидан ба Помири Афғонистон арзёбӣ шудаанд. Ба навиштаи «The Sun» аксари сокинони Помири Афғонистон пайрави мазҳаби исмоилия, муриди Оқохони 4 мебошанд. Гарчанде маҷбурсозӣ барои пӯшидани фаранҷӣ хоси ин мазҳаб нест, дар бархе маҳаллаҳо ҳукуматдорон аз занҳо пӯшидани фаранҷӣ талаб мекунанд.