Тибқи иттилои масъулини Созмони молиявии байналмилалӣ дар давоми солҳои 2009 – 2011, шумораи ширкатҳо, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои лизингӣ машғул ҳастанд, аз 10 то 6 адад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи намояндагони созмон дар Тоҷикистон ҳаҷми бозори лизингӣ ҳам сол ба сол кам шуда истодааст: «Ҳаҷми бозори лизингӣ дар Тоҷикистон соли 2008 – ум, 24 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, ки ин нишондод аллакай дар соли 2010 –ум ба 4,02 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд». Масъулини ширкатҳои хусусии лизингӣ коҳиши рӯзмарраи хизматрасониҳояшонро ба андозбандӣ ва боҷи гумрукӣ рабт медиҳанд, ки зимни амалиёти лизингӣ-ворид намудани технология ва супоридани минбаъдаи он ба дасти мизоҷ татбиқ мешавад.