Табиби тоҷик дар ҳайати бунёдгузорони Кунгураи байналмилалии табибони мусалмон
Як табиби тоҷик шомили ҳайати бунёдгузорони Кунгураи байналмилалии табибони мусалмон шудааст.
Нахустин анҷумани ин кунгура ахиран дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуд. Абдулло Давлатов, пизишки тоҷик ва яке аз бунёдгузорони Кунгураи байналмилалии табибони мусалмон ҳадафи асосии онро ёрии тиббӣ ба мардуми кишварҳои мусалмонӣ ва омода кардани мутахассисони замонавӣ барои рушди илми тибб дар давлатҳои исломӣ унвон кард. Ӯ дар як суҳбати кутоҳ ба “Озодагон” гуфт, идеяи ташкили ин кунгура аз сӯи гуруҳи иборат аз 5 нафарае пешниҳод шуд, ки дар донишгоҳҳои Истамбул таҳсил доранд.
Ба гуфтаи ҷаноби Давлатов, дар аввалин анҷуман доктор Касим Сезен раиси кунгура интихоб шуд. “Дар маҷмӯъ аз 2 то 4 декабр дар Истанбул ҷаласаҳо баргузор шуданд, ки дар онҳо кормандони соҳаи тиб ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Аврупову Амрико, Африқову Осиё суҳбатҳо анҷом доданд. Рӯзи 4 декабр анҷумани аввалин баргузор шуд ва онҷо раис, Шӯрои генералӣ, сохторҳои корӣ ташкил шуданд”,-афзуд табиби тоҷик.
Вай дар идома гуфт, соҳибкорони зиёде аз ҷумлаи мусалмонони кишварҳои мухталиф дар ҳоли таҳияи барномаҳои маблағгузорӣ барои рушди фаъолияти Кунгураи байналмилалии табибони мусалмон ҳастанд.