Ҳушдори КҲФ: Боз ҳавои сард, барф, яхбандӣ...
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дубора аз ҳавои ноустувор дар кишвар ҳушдор медиҳад.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, аз 8 то 10 декабри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво паст шуда, боридани борону барфи тар ва яхбандӣ мавҷуд аст. Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯзҳо ҳарорат то 6 дараҷа паст хоҳад шуд: “Эҳтимоли гусастани хатти алоқа ва нерӯи барқ, шикастани шохаҳои дарахтон ва кандашавии тоблуҳои рекламавие, ки мустаҳкам насб нагардидаанд, мавҷуд аст”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин робита аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, дар ин рӯзҳо ҳаракатро тавассути роҳҳои куҳӣ маҳдуд сохта, аз бурдани корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ намоянд.
Ҳушдори КҲФ аз сардшавии ҳаво ва резиши барф дар ҳолест, ки аз 19 то 26 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, барфи зиёде рехт.