АКС: Эълони ғолибони озмуни “Хомаи созанда-2016”
Имрӯз, 6 декабр дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд аз озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2016” натиҷагирӣ ва ғолибони он эълон шуданд.
Ин озмун аз рўи номинатсияҳои “Соли фарди солим ва масъалаҳои актуалии ҷомеа”, “Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ”, “Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”, “Соли 2016 соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” ва “Тадқиқоти журналистӣ” баргузор шуда, дар он 81 нафар иштирок намуданд. Мубтакирони озмун ба “Озодагон” гуфтанд, "Муниса Атаева, хабарнигори телевизиони “Азия”, Хосият Комилова, сармуҳаррири рӯзномаи “Агроинформ-ТҶ”, Равзалӣ Амонов, хабарнигори ТВ “Тоҷикистон”, Лола Раҷабова, муҳаррири ТВ “Суғд”, Неъматулло Мирсаидов, Ҳалим Ҷӯраев, хабарнигори “СМ-1”, Ҷамшеди Маъруф, сармуҳаррири радиои “Пайванд”, Маъсум Имомов, хабарнигори Радиои Озодӣ, Қамари Аҳрор, хабарнигори “IWPR”, Абдувосит Салимзода, хабарнигори радиои “Садои Хуросон”, Моҳира Раҳимзода, хабарнигори рӯзномаи “Сухани халқ”, Маҳина Атаева, хабарнигори радиои “Дунё”-и Истаравшан, Файзулло Атохоҷаев, корманди рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, Малоҳат Махкамова, хабарнигори рӯзномаи “Суғд ҳақиқати”, Афзал Босолиев, хабарнигори “Азия”, ҳайати эҷодии рӯзномаи “Меҳнат”-и ноҳияи Айнӣ, ҳайати эҷодии рӯзномаи “Насими Исфара”, ҳайати эҷодии радиои “Тироз” ва дар маҷмӯъ 37 нафар бо диплому мукофот дар ҳаҷми аз 1500 то 6 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд”.
Ба иттилои манбаъ, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд изҳори боварӣ намудааст, ки аҳли қалами вилоят дастовардҳои соҳоти гуногунро дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ низ инъикос ва манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунанд.