Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, як қубури обгузар дар кӯчаи Шевченко чанд моҳ аст, ки кафида ва аз он оби зиёд хориҷ мешавад, аммо касе барои таъмири он иқдом намекунад.
Қиёмиддин Мирзоев, як сокини ин кӯча имрӯз, 6 декабр ба “Озодагон” гуфт, барои таъмири ин қубур, ки дар рубарӯи Сафорати Ҷопон ҷойгир аст, ба Корхонаи обу корези Душанбе муроҷиат карданд, аммо мушкил бартараф нашуд: “Ман ду ҳафта пеш ба “водоканал” муроҷиат кардам ва дар ин миён чанд бор занг ҳам задам. Аммо мегӯянд, ки Душанбе танҳо аз як кӯча иборат нест, бо навбат мебинем”.
Ба гуфтаи Мирзоев, аз ин қубур оби зиёде ҷорӣ мешавад: “Шояд дар шабонарӯз 30 тон об бефоида меравад. Ман ҳамчун шаҳрванд муроҷиат кардам. Аслан ман дар ин минтақа зиндагӣ намекунам, ки аз рехтани об ё набудани он зарар бинам, танҳо дилам ба пули халқу неъмати Худованд месӯзад”.
Қиёмиддин Мирзоев афзуд, аз сӯи дигар дар назди Сафорати Ҷопон вуҷуд доштани чунин мушкил хеле нороҳаткунанда аст: “Бо кумаки молии ин сафорат чанд сол қабл ба ин маҳалла аз деҳаи Камонгарон об оварда буданд”. Ин сокини Душанбе як видеои кутоҳе ҳам дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, ки дар он дида мешавад, ки чӣ гуна аз қубур об беҳуда мерезад.
]
Кафидани қубур ва беҳуда ҷорӣ шудани об дар Душанбе мавзӯи нав нест. Дар гузашта “Озодагон” вобаста ба ин мушкил наворе ҳам таҳия карда буд.