Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи мазкур ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, аз шумораи заминҳои валангоршуда, 55-гектараш зери санги монда, дигар барқарор шуда наметавонанд. Қисмати дигари заминҳои аз сел зарардида марҳила ба марҳила бунёд хоҳанд шуд.Масоҳати умумии заминҳои кишт дар ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 13 238 гектарро ташкил медиҳанд.