Мирзиёев бо 89%-и овозҳо президенти Узбакистон шуд
Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи 4-уми декабр Шавкат Мирзиёевро президенти тозаинтихоби ин кишвар эълон кард.
Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси кумисюни марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, ки Мирзиёев 88,61%-и овозҳоро ба даст овардааст: “Ба ҷонибдории Мирзиёев 15 миллиону 906 ҳазору 724 нафар овоз доданд”.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон бо иштироки 17,9 миллион нафар ё 87,8 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй 4-уми декабр баргузор гардид.
Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров – намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Узбакистон аз номзадони дигари мақоми раисҷумҳурии Узбакистон буданд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон се моҳ баъд аз марги Ислом Каримов, нахустин раисҷумҳури ин кишвар, ки дар синни 78 даргузашт, баргзор шуд.