Даъвои зани солхӯрда алайҳи Ёров: Маро гаравгон гирифт
Аслия Ниёзова, як зани 70-сола, сокини шаҳри Душанбе алайҳи Бузургмеҳр Ёров, адвокати маҳкумшуда ба 23 соли зиндон, даъвои нав пеш гузоштааст.
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин зан даъво дорад, ки гӯиё Ёров ӯро латтукӯб кардаву 5 соат гаравгон гирифтааст: “Соли 2007 низ ин зан вобаста ба қаллобӣ аз болои Бузургмеҳр шикоят кард, аммо дар пайи тафтиш мурофиаи судӣ ба фоидаи Бузургмеҳр ҳал шуд. Акнун ин зан боз даъво кардааст”.
Даъвои нав алайҳи Ёров дар ҳоллест, ки феълан алайҳи ӯ се парвандаи нав, аз ҷумла бар асоси моддаҳои 350 (беэҳтиромӣ нисбати суд) ва 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ифтитоҳ шуда, дар назар аст, рӯзҳои наздик баррасӣ шаванд.
Хосият Ёрова мегӯяд барои парвандаи нави сеюм, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ифтитоҳ шудааст, адвокат надоранд: “Дигар маблағ надорем. Муфаттиши парванда гуфт, адвокати давлатӣ гирем. Барои адвокати давлатӣ дархост равон шуд. Ягон адвокат розӣ нашуда истодааст, ҳеч кас парвандаро ба уҳда намегирад”.
Маврид ба зикр аст, ки 6 октябри соли равон Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро барои 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур намуд. Бо ҳукми додгоҳ амволи ӯ комилан мусодира шуда, худаш баъди раҳоӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.
Ба иттилои наздикон Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии шикояти кассатсионии Ёровро то соли 2017 мутаваққиф кардааст.