Намоиши филме дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик дар Русия
Дар шаҳри Маскави Русия нахустнамоиши филми мустанади “Суруди Абдул” баргузор мешавад. Достони ин филм аз зиндагии як муҳоҷири тоҷик аст.
“Суруди Абдул” сохтаи Анна Моисеенко, коргардони рус буда, дар доираи ҷашнвораи байналмилалии “Артдокфест” рӯзи 8 декабр дар театри синамои “Каро 11 октябр” ба намоиш гузошта мешавад.
Торнамои ҷашнвораи “Артдокфест” муҳтавои филми “Суруди Абдул”-ро чунин навиштааст: “Абдумамад Бекмамадов, ки барои кор ба Русия омадааст дар мавриди ҳар чизе, ки иттифоқ меуфтад, шеър менависад. Муаллифони филм тӯли 4 сол зиндагии ӯро ба ҳайси муҳоҷир, ҳунарманд, падар ва шавҳар, ки 10 сол оилаи худро надидааст, мушоҳида кардаанд. Абдул зиндагии воқеии худро дар саҳнаҳои филм тариқи матнҳои манзум ва мусиқии суннатии Помир баён мекунад”.
Анна Моисеенко дар сафҳаи Фейсбуки худ дар мавриди шурӯъи кори ин филм навиштааст: “Абдул моҳи декабри соли 2012 пас аз 10 сол барои дидани ҳамсару фарзандони худ меравад. Ман бо дурбин ҳамроҳи ӯ рафтам”.
Абдумамад Бекмамадов, шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон дорандаи ҷоизаи “Золотая маска” мебошад. Ӯ ин ҷоизаро барои ҳаммуаллифӣ ва бозигарӣ намоиши “Акын-опера” гирифтааст. Абдумамад дар ин намоиш ҳамроҳи Покиза ва Аҷам нақшофарӣ карда буданд. Кори аслии ин ҳунарманди тоҷик таъмири хонаҳо дар Русия мебошад.