Оғози мавсими “хлопушка”: Боздошти нахустин қонуншикан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз мусодираи 42 ҳазор маводи тарфгарӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои торнамои ин ниҳод, маводи мазкурро кормандони пулис аснои баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ду сокини вилояти Суғд дарёфт кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, ин чорабиниҳо 2 декабри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст: “Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 2000 дона ва аз сокини 18 солаи ноҳияи Ашт 40000 дона маводи тарфгарии намуди “Трения” дарёфт ва мусодира карда шуд”.
ВКД меафзояд, нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.