Маҳкумияти сокини Ваҳдат барои маблағгузории ДИИШ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Давлатов.О, сокини деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдатро дар маблағгузории созмони террористии “ДИИШ” гунаҳкор дониста, ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.
Тавре аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Давлатов сафари тоҷикистониҳо ба Сурияро маблағгузорӣ мекардааст: “Аз ҷумла барои Гиёев Қ.П. чиптаи ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Истанбулро харидаст. Гиёев бо истифода аз ин чипта 6-уми марти соли 2015 ба Истанбул рафта, аз он ҷо вориди Сурия шудаст ва феълан алайҳи ҳукумати қонунии ин кишвар меҷангад”.
Манбаъ мегӯяд, Давлатов дар баробари ин сафари Тағоймуродзода, сокини деҳаи Ҳоҷиқатағани шаҳри Ваҳдат ва фарзандони 5-у 2-солаашро маблағгузорӣ кардааст: “Маҳкумшуда инчунин тариқи «WhatsaApp” аз Усмонов, узви ташкилоти террористии мазкур дар бораи макони 2 ҳазор доллар иттилоъ гирифта, ин маблағро ба шахси барои тафтишот номаълум, додааст”.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ Давлатовро бар асоси моддаҳои 187 қ. 2, 4011,1792қ. 1, 1792қ. 3 банди “а”, 165 қ. 4 бандҳои "а", "б", 32 қ. 1-195 қ. 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.