Боздошти Хоҷаназаров барои пешниҳоди пора ба корманди “ФСБ”
Мақомоти Саратов аз боздошти Алишер Хоҷаназаров, шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар пешниҳоди пора ба корманди Хадамоти федералии амният-“ФСБ” муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои тафтишот Хоҷаназаров моҳи сентябри соли равон барои гирифтани патент ба раёсати умури дохилии Саратов муроҷиат кардааст: “Зимни санҷиш маъмурин дар қонунӣ будани ҳузури Хоҷаназаров дар Русия шубҳа кардаанд ва шиносномаро барои тафтиш ба “ФСБ” додаанд”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин Хоҷаназаров ба корманди “ФСБ” 30 ҳазор рубл пора пешниҳод кардааст, то шиносномаро бидуни тафтиш ба ӯ баргардонад: “Аммо ҳангоми додани пора боздошт ва бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд”.
Бар асоси иттилои мақомоти Русия ба шаҳрванди Тоҷикистон барои пешниҳоди пора то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.