Сафир: Наметавонам аз Душанбе ба Истанбул парвоз кунам
Мусофирони “Turkish Airlines” мегӯянд, наздики як ҳафта аст, ки наметавонанд аз Душанбе ба Истанбул парвоз кунанд.
Ҳю Стенлӣ Филпот, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, мегӯяд, аз охири ҳафтаи гузашта талош дорад, тавассути ширкати “Turkish Airlines” аз Душанбе ба Истанбул парвоз кунад: “Аммо ин ширкат аз охири ҳафтаи гузашта парвозҳояшро дар ин хатсайр лағв кардааст”.
Сафир мегӯяд, лағви парвозҳои “Turkish Airlines” боиси нороҳатии мусофирони зиёд шудааст. Ӯ аз масъулини ширкат хостааст, дар ҳолати лағви парвозҳо бо мусофирон иртиботи беҳтаре дошта бошанд.
Дар пайи нороҳатиҳои зиёди мусофирон овозаҳо сар заданд, ки “Turkish Airlines” парвозҳо ба Душанберо қатъ кардааст. Аммо масъулини нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Turkish Airlines” мегӯянд, лағви парвозҳои охир ба номусоидии боду ҳаво рабт дошта, бо мусоид шудани боду ҳаво парвозҳо идома хоҳанд ёфт.