Санҷиш: Ронандаи дағалу баднафс мошинро дуздида, мусофирбарӣ кардааст (АКС)
Мақомоти Тоҷикистон шикояти як мусофир, ки ронандаи мусофирбари хатсайри 19 ӯро таҳқиру дашном кардааст, санҷидаанд.
Бародмат Муродов, масъули ҷамъияти “Нақлиёт”, ки хатсайри 19 таҳти назораташ аст, имрӯз, 1-уми декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба санҷиши ин ҳодиса машғул аст.
Муродов гуфт, то ҳол муайян шудааст, нафаре, ки аз мусофирон дар хатсайри 19 маблағи зиёд гирифтаасту таҳқиру дашном додаст, мошини ширкатро гирифта, ғайриқонунӣ ба мусофирбарӣ машғул будааст: “Ӯ ронандаи мо нест, танҳо автомашинаи ҷамъият, ки дар таъмир буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст”. Ба иттилои масъулин нафаре, ки мошинро дуздида мусофирбарӣ кардааст, Сафаров Муҳаммад ном доштааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран як мусофир бо нашри акси ронанда Сафаров Муҳаммад ва рақами мошини таҳти идораи ӯ дар Фейсбук гуфт, Сафаров аз мусофирон маблағи барзиёд ситонда, дағалӣ кард. Ба эроди мусофирон, ки дар мошин сигор накашед, Сафаров посух додааст, ки мошини худаш ҳаст ва ҳар коре хоҳад мекунад: “Ба касе маъқул нест, фарояд”.
Мусофир мегӯяд, Сафаровро огоҳ кард, ки ба мақомот шикоят мекунад, аммо ӯ дашном додааст “Ба ..., комера мегӣ бугу, пеши комеш мерай бра, пеши отат мерай, пеши раис мерай, пеши президент мерай...".
Масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон” низ мегӯянд, нафаре, ки мошинро идора кардааст, умуман иҷозаи мусофирбарӣ надорад ва мошинро ғайриқонунӣ гирифтааст. Дар ин ниҳод таъкид карданд, ки баъди баррасӣ ва омӯзиши қазия гунаҳкоронро ҷазо медиҳанд.
“Озодагон” ин қазияро пайгирӣ хоҳад кард.