Ҳукумат ваъда карду иҷро не: Андози роҳ боқӣ мемонад
Лағви андоз аз истифодабарандагони роҳ, ки тибқи ваъдаи ҳукумат бояд аз 1-уми январи соли 2017 амалӣ мешуд, ба таъхир гузошта шуд.
Умед Латипов, муовини вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 1-уми декабр дар ҷаласаи парлумон гуфт, тибқи муқаррароти қаблӣ андоз аз истифодабарандагони роҳ бояд аз 1-уми январи соли 2017 лағв мегардид. Ӯ илова намуд, ки дар шароити буҳронӣ агар ин намуди андоз бекор гардад ба буҷаи давлат 360 миллион сомонӣ ворид намешавад.
Латипов дар хитоб ба вакилони Маҷлиси намояндагон хост, бо қабули тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон лағви андоз аз истифодабарандагони роҳ то 1-уми январи соли 2018 ба таъхир гузошта шавад ва вакилон ин пешниҳодро қабул карданд.
Андоз аз истифодабарандагони роҳ дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи коршиносон асоси иқтисодӣ надорад, бояд аз соли 2017 –ум пурра лағв мегардид.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз соли 2012 дар пайи қабули Кодекси нави андоз эълон карданд, ки меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 –уми январи соли 2015 барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ ва таъминотию фурӯш ба андозаи 0,25 фоиз, барои дигар намуди фаъолият дар ҳаҷми 2 фоиз боқӣ мемонад ва аз 1 –уми январи соли 2017 пурра бекор карда мешавад.
Ин намуди андоз аз ташкилотҳое ҳам, ки воситаи нақлиёт надоранд ситонда мешавад. Қаблан масъулини КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тақозо карданд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳ ба муассисаҳои коммуналии ноҳияҳо супорида шавад, то роҳҳои дохилиашонро таъмир намоянд, аммо ин пешниҳод қабул нашуд.