Раиси Бонки Миллӣ: Ояндаи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” нек аст
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, дар мавриди ояндаи “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” бояд “дилу нияти нек кард”.
Нурмуҳаммадзода имрӯз, 1-уми декабр зимни муаррифии лоиҳаи дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2017 ба суоли вакилон дар мавриди тақдири “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” посух дод.
Ӯ гуфт ҳамеша дилу нияти нек кардан лозим аст ва афзуд, ки шахсан ба ояндаи неки ин бонкҳо боварӣ дорад. Раиси Бонки Миллӣ афзуд, ки барои ҷалби сармоя ба бонкҳои мазкур аллакай чанд созишнома имзо шудааст, аммо маблағҳои ҷалбшуда ҳанӯз кофӣ нестанд: “Боварӣ дорам, ин бонкҳо ояндаи нек доранд”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Нурмуҳаммадзода хост, то охири соли равон мушкили мардумро зимни гирифтани маблағ аз бонкҳо ҳал кунанд. Зуҳуров ҳушдор дод, ки дар акси ҳол бонкҳо аз боварии мардум маҳрум хоҳанд шуд.
Охири моҳи октябр раиси Бонки Миллӣ дар шарҳи мушкили мардум зимни гирифтани маблағ аз бонкҳо гуфт, “гуруҳи корӣ се моҳ боз дар ин масъала кор карда истодааст ва мо пешниҳодҳои худро ба ҳукумат ироа мекунем. Ин ба буҳрони ҷаҳонӣ марбут аст, дар бисёри кишварҳо ин мушкил ҷой дорад”.